13 Ноябр 2024 - 18:50
Таҳрими Эрон дар заминаи фанновариҳои пок намунае аз адами садоқати Ғарб дар ҳавзаи муҳити зист

Раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Тамаркузи Эрон дар иҷлоси “Коп 29” бар мавзӯи таҳримҳои якҷониба ва ғайриодилонае буда, ки ба таври ғайримустақим муҳити зисти Эронро таҳти таъсир қарор додааст.

Иҷлоси солонаи Конвенсияи тағйири иқлим имсол бо унвони “Коп 29” аз 11 то 22 ноябр дар шаҳри Бокуи пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.

Аъзои ширкаткунанда дар ин конфронс кишварҳое ҳастанд, ки Конвенсияи чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим дар соли 1992-ро имзо кардаанд.

Ба гузориши Порс тудей, Шино Ансорӣ, муовини раисиҷумҳур ва раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон дар бадви вуруд ба Боку тасреҳ кард: Бо вуҷӯди таҳримҳои золимона зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, дастрасӣ ба технологияҳои ҳавзаи муҳити зист, барӯзрасонии саноеи муртабит, манобеи молӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ ба таври чашмгире маҳдӯд шудааст ва то замоне, ки таҳримҳо зидди Эрон ба таври комил рафъ нашавад, интизори пайбандӣ ба усӯлу аҳдофи ин Конвенсия, бидуни тавҷеҳ ва ғайримантиқӣ аст.

342/