12 Ноябр 2024 - 19:17
Чаро Исроил ба маҳаллоти масеҳӣ ва дурузии Лубнон ҳамла кард ва нақши сафири Амрико чист?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, режими саҳюнистӣ дар ростои эҷоди ихтилоф барои таҳрики ҷомеаи масеҳӣ ва дурузии Лубнон алайҳи оворагони шиа, ду маҳаллаи Зағарто ва Айналидлиб дар наздикии Зоҳия, дар ҷануби Бейрутро ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ду маҳаллаи масеҳинишин дар наздикии Зоҳияи Бейрут, ки акнун маҳалли истиқрори шиаён мебошад, манозили маскунӣ комилан тахриб шуд.

Ба гузориши “Порс-тудей”, ин иқдоми Исроил дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи мунтақидин Лиза Ҷонсон, сафири Амрико дар Бейрут дар ростои таҳрики шикофҳои қавмӣ ва тоифаӣ дар Лубнон фаъол шудааст ва талош дорад барои кумак ба режими саҳюнистӣ дар Бейрут ҷанги тоифаии шиъӣ - масеҳӣ ва ё шиъӣ - дурузӣ дар Лубнон ба роҳ биандозад.

Набил Авоза, таҳлилгари лубнонӣ дар ин бора гуфт, иқдоми Исроил дар ҳамла ба манотиқи масеҳӣ, дурузӣ ва дигар манотиқи мухталит, ба вижа дар перомуни Зоҳия дар ҳолест, ки Ҳизбуллоҳ ҳеҷ мақар ё дафтаре дар онҷо надорад ва мушаххас аст, ки Исроил ба дунболи эҷоди норизоятии иҷтимоӣ алайҳи муқовимат аст.

Алӣ Мурод, коршиноси лубнонӣ гуфт: Душмани саҳюнистӣ замоне ки ғайринизомиёнро дар манотиқе, ки ба он паноҳ овардаанд, бомбаборон мекунад, ба сурати мустақим талош дорад ҷанге равонӣ роҳ биандозад.

342/