Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо Жан-Ноэл Барро, вазири умури хориҷаи Фаронса охирин таҳаввулоти минтақаро мавриди баҳсу табодули назар қарор дод.
Ироқчӣ дар ин гуфтугу бар зарурати таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон таъкид карда ва нисбат ба ҳаргуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳушдор дод.
Ироқчӣ дар рӯзҳои ахир дар гуфтугуҳои телефонӣ бо мақомоти аврупоӣ ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба ҳаргуна моҷароҷӯии режими саҳюнистӣ ҳушдор дода ва аз омодагии комили Эрон барои посухи қотеъ ва пушаймонкунанда ба режими ишғолгари Қудс хабар дод.
342/