10 октябр дар Қасри миллат раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси маҷлиси шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки мо кишвари дусту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем.
Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гуруҳҳои дустии байнипарлумонӣ шуданд.
342/