Эрон дар амри ҳамлу нақл ва транзити ҷаҳонии коло аз мавқеъияти роҳбурдӣ ва жиополитиии мумтозе бархӯрдор аст ба гӯнае, ки дар бархе расонаҳо барои он таъбири чаҳорроҳи транзити ҷаҳонӣ истифода мешавад. Амният, масири кӯтоҳ ва ба сарфа будан аз вижагиҳои Эрон дар транзит аст.
Ба гузориши Порс тудей, Муҳаммади Резвонӣ Фар, раиси кулли гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки транзити хориҷӣ аз масири Эрон дар чаҳор моҳаи гузашта бо 58.5 дарсад афзоиш, ба ҳафтмиллмону 622 ҳазор тонн расидааст, гуфт: Гумруки Пироншаҳр дар устони Озарбойҷони Ғарбӣ бо 661 дарсад афзоиш дар чаҳор моҳаи гузашта нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл, бештарин рушдро дар байни гумрукоти мабдаи транзитии Эрон доштааст.
Вай афзуд, пас аз гумруки Пироншаҳри Эрон, бештарин афзоиши транзити хориҷӣ аз мабдаи гумрукоти Сарахс, Парвизхон ва Бошмоқ буд, ки дар ин муддат ба тартиб 286,197 ва 111 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
342/