22 Июл 2024 - 16:34
Ҷаҳиши навин дар чархаи падофанди ҳавоии Эрон бо вуруди сомонаҳои радарӣ ва паҳподии эронӣ

Порс тудей - Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни боздид аз ягонҳои падофанди ҳавоии ғарби Эрон гуфт: Сомонаҳои радарӣ, мушакӣ, ҷанголӣ ва паҳподӣ вориди чархаи падофанди ҳавоии Эрон мешавад.

Пешрафтҳо ва тавсеаи падофанди ҳавоии Эрон дар солҳои гузашта бисёр шитобанда ва ҷаҳишӣ будааст. Нерӯи падофанди ҳавоии Эрон дар ҳавзаҳои тахассусӣ, бавижа дар заминаи тавлид ва сохти анвоъи паҳподҳо ва радарҳо дастовардҳои бисёр муҳим дошта, ки барои душманон боиси нигаронӣ шудааст.

Ба гузориши Порс тудей, амир сартип Алиризо Сабоҳӣ Фард, фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавои Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни боздид аз ягонҳои падофанди ҳавоии ғарби Эрон, гуфт: Дар ояндаи наздик бо талошу пуштикори коркунони мутахассису фаннии ин нерӯ ва низ таомул бо соири мабодии марбӯта анвоъи сомонаҳои радарӣ, мушакӣ, ҷанголӣ ва паҳподӣ вориди чархаи падофанди ҳавоии Эрон мешавад.

Вай изҳор кард, падофанди ҳавоӣ ба унвони аслитарин бахши дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистааст нақши муассирӣ дар иртиқои тавони размии неруҳои мусаллаҳ дошта бошад.

Амир сартип Алиризо Сабоҳӣ Фард дар поён тасреҳ кард: Эрони исломӣ имрӯз як лангаргоҳи мутмаину эмин аз оромиш ва амният аст.

Имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ва фармондеҳи кулли қуво, дар табйини муаллафаҳои аслии иқтидори миллати Эрон таъкид кардаанд, ки ҳадаф аз сиёсати «қудрати боздорандаи низоми исломӣ», ҷилавгирӣ аз тасаввури таарруз ба Эрон аз ҷониби зӯргӯёни байналмилалӣ аст.

342/