Аз соъоти ибтидоии рӯзи 19 июл бисёре аз бонкҳо, фурудгоҳҳо, бурсҳо, расонаҳо ва хутути ҳавоӣ дар кишварҳои дунё бо қатъӣ мувоҷеҳ шудаанд. Аз ихтилоли бархе сервисҳои “Майкрософт” ба унвони далели ин қатъӣ ёд шудааст.
Ба гузориши “Порс-тудей”, ширкати “Сириум”, ки парвозҳои ҳавоии ҷаҳонро баррасӣ мекунад, эълом кард, рӯзи ҷумъа (19 июл) ҳудуди 11 ҳазор парвози тиҷорӣ дар саросари ҷаҳон барномарезӣ шуда буд, ки 2200 парвоз лағв шудааст.
Дар ҳамин замина, Илон Маск, молики “Тесло” ва шабакаи иҷтимоии “Икс” (Твиттери собиқ) ихтилол дар системаҳои компютерии ҷаҳонро ба унвони бузургтарин шикасти фанноварии иттилоот то кунун номид.

Pasha X Max, корбари шабакаи иҷтимоии “Икс” низ бо интиқод аз шиканандагии системаҳои фанноварии иттилооти муттасил ба ҳам дар ҷаҳон навишт:
«Қатъии “Майкрософт” боиси ихтилоли ҷаҳонӣ мешавад. Парвозҳо мутаваққиф шуданд, каналҳои телевизионӣ ва бонкҳо таҳти таъсир қарор гирифтанд. Роёнаҳои шахсии дорои Виндовз хомӯш мешаванд. Ин шиканандагии системаҳои фанноварии иттилооти муттасил ба ҳамро нишон медиҳад. Мо ба зерсохтҳои қавитару барномаҳои изтирории беҳтар ниёз дорем».

Эрон аммо масун монд
Пас аз ихтилоли ҷаҳонии сойберӣ, Маркази миллии фазои маҷозии Эрон дар иттилоияе эълом кард: Бо вуҷуди бурузи ихтилоли густарда дар сомонаҳои роёнаии бисёре аз кишварҳо, то кунун ҳеҷ осебу ихтилоле дар ироаи хадамот ба мардуми Эрон гузориш нашудааст. Зеро Эрон аз солҳо пеш ба далели таҳримҳо аз дарёфти ин хадамот манъ буда ва аз ҳамон солҳо бо ибтикори амали ҷавонону нухбагон, сервисҳои ҷойгузини бумӣ, тарроҳӣ ва амалиётӣ шудааст.
Амирмуҳаммадзодаи Лоҷувардӣ, муовини вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон низ дар ин бора гуфт: Ихтилоли ҷаҳонии компютерӣ ва ношӣ аз мушкили фаннии системаҳои “Майкрософт” таъсире бар Эрон надошта ва то кунун ихтилоле дар сервисҳои фанноварии иттилоот рух надодааст.
Дар ҳамин замина Саиди Чаландарӣ, мудиромили шаҳри фурӯдгоҳии имом Хумайнӣ (раҳ)-и Эрон гуфт: Фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон ба далели истифода аз нармафзори донишбунёни эронӣ аз ихтилоли пешомада дар фурудгоҳҳои ҷаҳон ба далели мушкилоти “Майкрософт” масун монд.
Чаландарӣ афзуд: Системаҳои нармафзори фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон қаблан аз тариқи як ширкати фаронсавӣ пуштибонӣ мешуд, ки бояд мураттаб тавассути он ширкат пуштибонӣ ва ҳимоят мешуд. Дар ин росто барномарезӣ шуд то системаи эронӣ бо як гуруҳи донишбунёни дохилӣ таҳия шавад, ки 1. 5 сол қабл бо ҳузури вазири роҳу шаҳрсозии Эрон роҳандозӣ ва баҳрабардорӣ шуд. Аз он замон системаҳои фурудгоҳ бо ин нармафзори дохилӣ кор мекунад ва мушкиле надорад.
Порсо, корбари шабакаи иҷтимоии “Икс” низ бо тамҷид аз амалкарди нармафзорҳои эронӣ ба далели масун мондан аз ихтилолоти ҷаҳонии сойберӣ навишт: «Нармафзори эронӣ фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ)-ро аз ихтилоли ҷаҳонӣ масун кард».

Табдили таҳрим ба фурсате барои пешрафт
Гуфтанӣ аст, эъмоли таҳримҳои густардаи Ғарб алайҳи Эрон, нахуст бо аҳдофи сиёсиву иқтисодӣ анҷом шуд, вале дар идома ба назар расид, ки бо ҳадафи мухтал кардани фаъолиятҳои рӯзмарраи эрониён эъмол шудааст. Шояд он рӯзе, ки ғарбиҳо алайҳи Эрони мустақил таҳрим эъмол мекарданд, фикр намекарданд Эрон битавонад бо дониши бумии худ ин таҳдидҳоро ба фурсат табдил кунад.
Хонуми Фирдавс, корбари шабакаи иҷтимои “Икс” дар посте бо ибрози хурсандӣ аз худкифоии Эрон ва хунсо шудани таҳримҳои Ғарб навишт:
342/