24 Июн 2024 - 15:51
Ифтитоҳи хати рейлии бандари Каспиян, гоми муҳим дар ҳавзаи иқтисодӣ ва гиополетикии Эрон

Коршиноси улуми сиёсии масоили ғарби Осиё ва Қафқоз гуфт: Иттисоли бандари Каспияни Эрон ба шабакаи рейлии ин кишвар аз назари масоили иқтисодӣ, амниятӣ ва гиоволетики, гоми муҳимми аз суи Теҳрон талаққи мешавад.

Хати рейлии 37 километри ки шаҳри Рашти Эронро ба дарёи Хазар ва халиҷи Форс муттасил мекунад, дар шимоли Эрон роҳандозӣ шуд. Ин хати рейли ки дар устони Гелони Эрон дар наздикии савоҳили ҷанубии дарёии Хазар қарор дорад, бахше аз ин хати рейлӣ дар масири каридури ҳамлунқли байналмилалии шимол-ҷануб аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Порс туде, Астонисолов Торосов дар гуфтугу бо хабаргузории Спутник афзуд: Хати рейлии Рашт–бандари Каспиян ки тайи рузҳои ахир дар Эрон ба баҳра бурдорӣ расид як тарҳи ҳаётӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа аз назари аҳамияти иқтисодии он аст.

Ин коршиноси рӯс ёдовар шуд: Дар ҳоли ҳозири тарҳи Рашт–бандари Каспиян дар имтидоди масири каридури ҳамлунақли байналмилалии шимол-ҷануби дарёи Хазарро ба халиҷи Форс муттасил мекунад.

Торосов гуфт: Ин тарҳ муассиртарин масири рейли бо иттисоли мустақим ба Русия аст ки метавонад ба афзоиши қобили тавваҷуҳи гардиши молии байни Теҳрон ва Маскав мунҷар шавад.

Вай афзуд: Метавон тарҳи Рашт–бандари Каспиянро як масири тронзитии байналмилалӣ донист ки мавриди тавваҷуҳи кишварҳои монанди Чин ва Ҳинд низ ҳаст. Ин коршиноси масоили ғарби Осиё ва Қафқоз хотирнишон кард: Эҷоди чунин каридури иртиботи системаи амниятии минтақаро тақвият мекунад ва аз назари геополетики низ дар бораи ҳузури Эрон дар арсаи тиҷорати байналмилалии нақш муҳимми дорад.

342/