Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , « Шамсиддин Маҳмадӣ » раиси Созмони иттилоърасонии устони Фориёб , шимоли Афғонистон , рӯзи якшанбе эълом кард дасти кам 47 нафар дар пайи идомаи борандагии шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шимоли ин кишвар ҷон бохтаанд. Маҳмадӣ афзӯд , барасоси гузоришҳои аввалия , дасти кам 300 хона бар асари борандагии шадид ва вуқуъи сел дар шимоли Афғонистони тахриб шудааст .
«Мавлавӣ Абдулҳайи Заъим » раиси Созмони иттилоърасонии устони Ғӯр , маркази Афғонистон , низ гуфт , 50 нафари ҳам рӯзи шанбе дар ин устон ҷон бохтанд .
Афғонистон мустаъиди балоёи табиӣ аст ва Созмони Милали Муттаҳид , ин кишварро яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари тағироти иқлимӣ медонад .
Ба гуфтаи мақомҳои Афғонистон , селҳои ногаҳони ношӣ аз борандагиҳои шадиди тайи ҳафтаи гузашта ба рӯстоҳои шимоли ин кишвар хисорати зиёдӣ ворид карда ва 315 кушта ва беш аз ҳазору 600 маҷрӯҳ барҷоӣ гузоштааст .
342/