11 Май 2024 - 19:57
“Сино”-и Эрон; Аз шикасти инҳисори роботи ҷарроҳии амрикоӣ то ҳузур дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Сомонаи ҷарроҳии роботи «Сино», сохти Эрон яке аз пешрафтатарин роботҳои ҷарроҳӣ дар ҷаҳон аст. Ин системаи ҷарроҳии роботӣ дар соли 2015 дар ҳошияи намоишгоҳи «Инотекс» дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Муҳандисони эронӣ бо тарроҳӣ ва сохти ин робот дар ҳавзае аз муҳандисии пизишкӣ ворид шуданд, ки ҷузъи болотарин сатҳи фановариҳо аст. То пеш аз сохти ин робот тавассути донишмандони эронӣ, «Да Винчи», сохти Амрико танҳо роботи ҷарроҳи тиҷории ҷаҳон буд. Номи ин робот аз номи донишманд ва пизишки бузург ва пуровозаи таърихи Эрон, «Бӯалӣ Сино» гирифта шудааст.

 Амалкарди роботи ҷарроҳии Сино

 Сомонаи ҷарроҳии роботи «Сино», ки бо ҳамкории гурӯҳи биомеханики донишгоҳи саноъатии «Шариф» ва Маркази таҳқиқоти фановариҳои биомедикал ва роботики Пажӯҳишкадаи фановариҳои навини пизишкии вобаста ба Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон сохта шудааст, шомили ду бахши аслии консули ҷарроҳӣ аз роҳи дӯр ва роботҳои ҷарроҳи мустақар бар болини бемор мебошад.

 Консули ҷарроҳӣ шомили монитор, ду роботи роҳбар ва педалҳои ҳидояти зерипоӣ аст, ки ҷарроҳ бо нишастан дар пушти он тасовири ирсолшуда аз қисмати мавриди ҷарроҳиро мушоҳида ва абзорҳои ҷарроҳӣ ва дӯрбини тасвирбардориро ба сурати аз роҳи дур ҳидоят мекунад. Аз сӯи дигар се роботи пайрав шомили ду роботи ҳомили абзор ва як роботи тасвирбардор, ки дар болини бемор мустақар шудаанд, иҷрои дастуроти ҷарроҳро бар уҳда доранд.Дар тайи амали ҷарроҳӣ, ҳаракоти дастони ҷарроҳ тавассути роботҳои роҳбар дарёфт шуда ва бо ҳазфи ларзишҳо ва миқёсгузорӣ ба роботҳои пайрав интиқол меёбанд, то бо диққати боло, дар ноҳияи амал иҷро шаванд. Иртиботи байни роботҳои пайрав бар болини бемор бо роботҳои роҳбар дар консули ҷарроҳи аз тариқи сохторҳои мухобиротӣ аз роҳи дур назири интернет барқарор мешавад, аз ин ру амали ҷарроҳӣ метавонад дар дуртарин нуқоти кишвар ё ҳатто бар рӯйи як киштии уқёнуспаймо сурат пазирад.

 Ҳузур дар бозорҳои ҷаҳонӣ

 Нахустин маҳмулаи содиротӣ аз роботи Сино, модели Фликс аст, ки дар соли 2021 ба кишвари Индонезия содир шуд.

 Содироти роботи ҷарроҳии Сино ба Индонезия дар ҳоле иттифоқ афтод, ки пеш аз ин, ин кишвар роботи ҷарроҳӣ аз роҳи дури амрикоии Да Винчиро харидорӣ карда буд.

 Роботи Да Винчи дар ҳоли ҳозир дар Индонезия ба далели хароҷоти бисёр зиёде, ки дорад қобили истифода нест ва барои амалҳои ҷарроҳӣ аз он истифода намешавад. Ба ҳамин далел аст, ки ҷарроҳони индонезияӣ, ки собиқаи ҷарроҳӣ бо Да Винчиро доранд вақте роботи Синоро диданд шигифтзада шуданд ва аз он истиқбол карданд.

 Бар асоси эъломи Баҳроми Айнуллоҳӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, Индонезия моил аст бисёре аз бемористонҳои дар ҳоли таъсиси худро бо имконот ва таҷҳизоте, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тавлид мешавад, таҷҳиз кунад.

Ба лиҳози истиқболи байналмилалӣ аз ин маҳсул, муваффақиятҳои чашмгире вуҷуд дошта ва иртибототи зерсохтии муносиб барои вуруд ба бозорҳои ҷаҳонӣ эҷод шудааст. Аз ин ҷумла метавон ба имзои мувофиқатномаи тавлиди муштараки ин сомона бо Институти таҳқиқ ва тавсеаи марказии Русия дар бахши роботӣ ва фановариҳо (rtc) ишора кард. Бар асоси ин мувофиқатнома қарор аст роботи ҷарроҳи Сино ба сурати нимамонтаж дар Эрон тавлид ва ба сурати skd ба Русия содир ва дар Санкт Петербург монтаж шавад. Ширкати эронӣ- русӣ, ки ба ин манзур дар Русия таъсис мешавад, масъулияти гирифтани муҷаввизҳои лозим, бозорёбӣ, фурӯш ва хадамоти пас аз фурӯши ин система дар Русия ва ҳавзаи ИДМ-ро бар ӯҳда дорад.

 Дар хусуси бозорҳои аврупоӣ низ пайрави тафоҳумнома бо Донишгоҳ политехники федерали Лозанна (epfl) иртибототи бисёр муносибе шакл гирифта ва ширкати Сино ба унвони шарики саноъатии донишгоҳи мазкур ба сабт расидааст.

342/