5 Май 2024 - 19:30
Қадрдонии Эрон аз тасмими Туркия дар қатъи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо режими саҳюнистӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон аз тасмими давлати Туркия дар қатъи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо режими наслкаши саҳюнистӣ қадрдони кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Ҳокон Фидон вазири умури хориҷаи Туркия дар ҳошияи иҷлоси вазироми умури хориҷаи кишварҳои исломӣ дар Банҷул пойтахти Гамбия , тасмими ахири давлати Туркия дар қатъи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо режими ғосиби саҳюнистиро муҳим тавсиф кард .

Амирабдуллоҳён бо маҳкумкардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ зиди фаластиниён бавижа дар борӣкаи Ғазза, зарурати ифои нақши нерумандтар ва фаъолтари кишварҳои исломӣ ба хусуси Эрон ва Туркия дар ҳимоят аз масъалаи Фаластинро ёдовар шуд .

Вазири умурхориҷаи Туркия низ рушди равобит бо Эрон дар ҳамаи заминаҳоро аз авлавиятҳои Анкара донист ва аз тақвияти ҳамкориҳо бо Теҳрон дар маҷомеъи минтақаӣ ва байналмилалӣ истиқбол кард .

Ҳокон Фидон бо ташреҳи руйкард ва мавозиъи Туркия дар қиболи таҳаввулоти минтақа ба хусуси авзоъи Фаластин ба унвонии муҳимтарин масъалаи ҷаҳони ислом, мавзеи вазири умури хориҷаи Эрони мабни бар зарурати ифои нақши фаъол ва пуётари кишварҳои исломӣ ба хусус Туркия ва Эрон дар Созмони ҳамкории исломиро мавриди таъкид қарор дод .

Вазорати тиҷорати Туркияи рузи панҷ шанбеи ҳафтаи гузашта дар баёнияи таваққуфи раванди содирот ва воридот ба мақсади режими ишғолгари саҳюнистӣ ё аз мабдаи онро таъйид кард . 

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси Ҷумҳурии Туркияи пештар аз дар дастури корбудани қатъи ҳамаи равобити тиҷорӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ хабар дода буд .

Ба гуфта вазири умури хориҷаи Туркия, Анкара мусаммам аст ба иллати иртикоби ҷинояти режими саҳюнистии зидди фаластиниён дар борӣкаи Ғазза ва дигари манотиқи Фаластин ба шикояти Африқои Ҷанубӣ зидди режими Исроил дар девони байналмилалии додгустари бипайвандад.

342/