Ба гузориши ИРНА, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, дар ростои ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза ва ҳамчунин дар чорчӯби посух ба таҷовузҳои душман ба минтақаи Албақоъ, муҷоҳидони ин ҷунбиш мақари фармондеҳии падофанди ҳавоиву мушакии подгони “Кайла” ва пойгоҳи мушакиву тӯпхонаии артиши режими саҳюнистиро бо даҳҳо мушаки Катюша ҳадаф қарор доданд.Неруҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин дар ду навбат пойгоҳҳои режими саҳюнистӣ дар Ҷулони ишғолиро ҳам ҳадафи ҳамалоти мушакиву тӯпхонаӣ қарор доданд. То кунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.
342/