Имрӯз ҷумъа 5 апрели 2024 (17 фарвардини 1403) мусодиф бо 25-уи Рамазони 1445, Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.
Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвонии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масаълаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлӯму мавриди ситам нигоҳ мекунанд.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, маросими роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари Эрон имрӯз ҷумъа дар беш аз ду ҳазор шаҳру рӯстои саросари Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Машҳад, Қум, Исфаҳону Шероз баргузор шуд.
Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс имрӯз (ҷумъа) дар қатъномаи поёнӣ, зимни маҳкӯмияту инзиҷор аз ҷиноёти душмани саҳюнистӣ ва ҳимоят аз мардуми Фаластин эълом карданд: Набарди “Тӯфони Ал Ақсо”ва истимрори муқовимати 183 рӯзаи мардуми Борикаи Ғазза ва муҷоҳидони фаластинӣ нуқтаи атфи сарнавиштсозӣ дар мубориза бо мавҷӯдияти ҷаълии режими хабису ишғолгари саҳюнистиро рақам заду шумориши маъкӯс барои нобудии ғуддаи саратонии Исроил аз ҷуғрофиёи ҷаҳони Исломро суръат бахшидааст.
Дар идомаи ин қатънома, ширкаткунандагон ба Амрико ба унвони муттаҳами аввали идораи ҷанги Ғазза ва ҳомии беқайду шарти саҳюнистҳо ҳушдор доданд, ки аз пардохти ҳазинаҳои бештари роҳбурдӣ ва расвоии ношӣ аз шикасту мушорикат дар ҷинояту наслкушӣ дар Ғарби Осиё парҳез ва бо таҷдидиназар дар сиёсати шайтонии худ беш аз ин обруи мардуми Амрикоро қурбонии қотилони занону кӯдакони Ғазза накунад.
Дар идомаи қатъномаи поёнии роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ширкаткунандагон зимни маҳкӯмияти иқдоми режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахшаши Консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия ва ҳамалоти террористии дирӯз панҷшанбе (4 апрел) ҷайшулзулм дар Роск ва Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) эълом карданд: Ин иқдоми режими саҳюнистӣ барои фирор аз гирдоби худсохта дар Борикаи Ғазза ва фарофикании шикасти ҷуброннопазир аз ҷабҳаи муқовимат аст ва ҳосиле ҷуз заволи зудҳангоми ин ғуддаи саратонӣ (Исроил) дар пай нахоҳад дошт ва мутмаинан бо посухие сахту пушаймонкунанда мувоҷеҳ хоҳад шуд.