1 Апрел 2024 - 14:31
Таъкиди Эрон бар зарурати таҳқиқи байналмилалӣ дар хусӯси ҷиноёти Исроил дар бемористони «Шифо»-и Ғазза

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бар зарурати таҳқиқи байналмилалӣ дар хусӯси тахриб, шиканҷа ва куштор дар бемористони «Шифо»-и Ғазза таъкид кард.

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт, тасовири мунташира аз бемористони «Шифо» дар Ғазза пас аз муҳосираи ду ҳафтаӣ тавассути артиши режими саҳюнистӣ, изҳороти шоҳидони майдонӣ ва гузоришҳои тасвирӣ ва хабарии мунташир шуда аз мизони тахриб, шиканҷа, куштор ва теъдоди боздошт шудагони фаластинӣ дар ин бемористон, ҳавлноку такондиҳанда аст.

Канъонӣ бо таъкид бар инки таҳқиқи байналмилалӣ дар хусӯси ин ҷиноёт зарурати фаврӣ дорад, тасреҳ кард: «Оё маҷомеъ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба вазифаи худ амал хоҳанд кард? Оё муддаини шинохта шудаи ҳуқуқи башар аз таҳқиқи байналмилалӣ дар хусӯси абъоди ин ҷинояти ҷангӣ ошкор ҳимоят хоҳанд кард ва ё рафторҳои гузинишӣ ва табъизомез дар хусӯси ҳуқуқи башар ҳамчунон идома хоҳад ёфт?».

342/