Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,ин аввалин бор нест, ки ҳисобҳои шабакаи Ал-Олам дар шабакаҳои иҷтимоии баста мешавад; Фейсбук дар соли 2020 низ сафҳаи таъйидшудаи Ал-Оламро дар Инстаграм пок кард. Ҳамчунин шабакаи иҷтимоии Х (Тветтири собиқ) низ сафҳаи Ал-Оламро алорағми инки садҳо ҳазор нафар дар он замон онро думбол мекарданд, масдуд кард.
Ин иқдом дар ҳоле аст, ки муҳиммтарин санаде, ки муддаиёни ҷараёни озоди иттилоот ба он истинод мекунанд, модаи 19 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башари мусавваби 1948 аст, ки дар он омадааст: «Ҳар кас ҳаққи озодии ақида ва баён дорад. Ин ҳақ шомили озодии ҳифзи ақоид, дар амон мондан аз таарруз ва ҷустуҷӯ, касби изҳори иттилоот ва андешаҳо аз ҳар тариқ ва бидуни таваҷҷуҳ ба марзҳо аст.»