25 Феврал 2024 - 17:32
Таъкиди вазири фарҳанги Эрон бар идомаи талошҳо барои таваққуфи ҷиноёти режими наслкуши Исроил

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар иҷлоси фавқулодаи вазирони иттилоърасонии кишварҳои ҳамкории исломӣ “ барои Ғазза”, таваққуфи ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар Борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Иҷлоси фавқулодаи вазирони иттилоърасонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ “барои Ғазза” бо ҳузури 24 вазиру намояндагони 57 кишвар, аз ҷумла вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон рӯзи шанбе дар Истонбули Туркия баргузор шуд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ, созмоне байни давлатӣ аст, ки бо узвияти 57 кишвар ба густараи беш аз чаҳор қора аст.

Созмон, Садои ҷамъии ҷаҳони Ислом ва тазмин барои ҳифозату ҳимоят аз манофеи ҷаҳони Ислом дар рӯҳи тарвиҷи сулҳи байналмилалӣ ва ҳамоҳангӣ миёни афроди мухталифи ҷаҳон аст.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии Туркия, ҷаҳони Исломро азодори Ғазза ва Фаластин донист ва гуфт, сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оташбаси фаврӣ дар Ғазза аст, зимни инки дифои мазлӯмон аз худашонро ҳаққи мусаллами мардуми мазлӯми Фаластин, Лубнон, Сурия ва Яман медонад.

Исмоилӣ бо баёни инки кишварҳои исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон бояд аз ҳар имконе барои маҳкӯмияти саҳюнистҳо ва таваққуфи ҷиноятҳои онҳо истифода кунанд, афзуд, кишварҳои исломӣ бояд ҳаддиақал, иртибототи иқтисодӣ ва сиёсиашонро бо режими наслкуши Исроил қатъ кунанд то ин режим бо таҳримҳои густардаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ товони ҷиноятоташро пас диҳад.


342/