Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар нахустин мақсади сафараш ба минтақа дирӯз (ҷумъа) вориди Бейрут шуд, шомгоҳи ҷумъа бо Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон муқовиматро унсури муҳимме дар муъодилоти минтақа донист ва таъкид кард: Душмани саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ дар майдон даст наёфтааст ва бидуни шак пирӯзии миллати Фаластину муқовимат ҳатмист.
Вай ҳамчунин мавозеъи ҳакимона, сареҳу муқтадиронаи Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эронро дар таҳаввулоти ҷории Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ дар миёни раҳбарони ҷаҳон мунҳасир бафард донист.
Амирабдуллоҳиён ҳам дар ин дидор таъкид кард: Муқовимати Фаластин дар масири муқовимату истодагӣ ва ҳам дар таваҷҷуҳ ба роҳкори сиёсӣ, бо ҳикмату иқтидор амал кардааст ва дар ҳар ибтикори сиёсӣ, бояд нақши мардуми Фаластину иҷмоъи раҳбарону гуруҳҳои фаластинӣ ба унвони меҳвари аслӣ маддиназар қарор гирад.
Абдуллоҳиён имрӯз (шанбе) дар дидор бо Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири пешбурди умури Лубнон низ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамонанди гузашта бар ҳимоят аз муқовимат дар Фаластин идома медиҳад ва барои таваққуфи ҳамалоти режими Исроил, алайҳи Ғазза ва ҷилавгирӣ аз густариши доманаи ҷанг дар минтақа талош мекунад.
342/