Бахши матбуотии кобинаи вузарои Қирғизистон эълом кард, бар асоси тавофуқи сурат гирифта, аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти давраи коргурӯҳҳои топографӣ ва коргурӯҳҳои масоили ҳуқуқи ҳайатҳои давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Тарафайн дар нишасти баъдӣ, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор мешавад, ба корҳои таъйин ва аломатгузории қисматҳои боқимонда идома хоҳанд дод.
Дар поёни ин нишаст протоколи марбута имзо шуд.
Ин дидор дар фазои дӯстӣ ва тафоҳуми мутақобил баргузор шуд.
342/