27 Январ 2024 - 20:37
Таҳлил: Райи додгоҳи Лоҳа нуқтаи атфи ҷустуҷуи адолат барои мардуми Фаластин

Девони байналмилалии додгустари ҳукми аввалия дар бораи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ дар хусуси наслкушии дар Ғаззаро содир кард.

Чаҳоруминмоҳи ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Ғазза дар ҳоли сипари шудан аст Вазорати беҳдошти Ғазза имруз ҷумъа 26 январ эълом кард, ки теъдоди шуҳадои фаластинӣ дар таҷовузи режими ишғолгар аз 7 октябр то кунун ба 26083 шаҳид ва 64487 маҷруҳ расида аст.

Пас аз идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди Ғазза ва вуқуи наслкуши дар ин борика, Африқои Ҷанубӣ зидди ин режим ба девони байналмилалии додгустари шикоят кард дар ҳукме ки имруз содир шуд чанд нукта ҳозизи аҳамият аст.

Аввал: Исроили нахустин шикастро дар додгоҳ мутаҳаммил шуд чаро ки додгоҳи дархости Исроилро барои напазируфтани шикояти Африқои Ҷанубӣ рад кард. Додгоҳ ҳам салоҳияти худро барои расидагӣ ба шикоят эълом кард ва ҳам таъкид кард ки Африқои Ҷанубӣ ҳақи шикоят аз Исроилро дар ин додгоҳ дорад. Ин додгоҳ ҳамчунин эълом кард ки гузоришоти Африқои Ҷанубӣ оқилона ва мантиқи буда ва бояд барраси шавад.

Дувум: Додгоҳи Лоҳа бо судури рай эълом кард салоҳияти расидаги ба парвандаи наслкушии фаластиниён тавассути Исроил матраҳ шуда аз суи Африқои Ҷанубиро дорад. Аз 17 қозии додгоҳ 16 қози муътақиданд, ки режими саҳюнистӣ бояд иқдомоти наслкуши ва вайронгарии физикиро дар минтақаи Ғазза мутаваққиф кунад.

Бино бар ин агарчи додгоҳ эълом кард мо акнун ҳукми дар мавриди ин ки наслкуши рух дода ё надода содир намекунем аммо вуқуъи наслкуши барои аъзои додгоҳ ошкор шуда аст камо ин ки дар идомаи ҳукми имруз низ омада аст мардуми Фаластин ҳақ доранд, ки аз ҷинояти наслкуши дар амон бошанд.

Севум: Бо ҳукми содир шуда туб дар замин Исроил аст зеро ба ин режими фурсати як моҳа дода шуд то иқдомоти лозим барои фароҳам кардан ниёзҳои инсонии мардуми Ғаззаро фавран иттихоз кунад ва ҳамчунин иқдомоти лозим барои мумонеат аз ҷиноятҳои куштор зидди як маҷмуъаи инсониро иттихоз кунад. Идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди Ғазза метавонад барои ин режими табаъоти ҳуқуқи дар пай дошта бошад.