Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ба Маскав сафар кардааст, бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) эълом кард, дар музокироти имрӯз бо ҳамтои худ дар бораи масоили дуҷониба, аз ҷумла тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории ду кишвар ва низ мавзӯи Ғазза бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ хоҳад кард.Алиакбари Аҳмадиён ҳамунин изҳор дошт, Ҷумҳурии Исломии Эрону Русия ба унвони ду кишвари бузурги минтақа, тайи солҳои гузашта ҳамвора ройзаниҳои муштараке доштаанд.
342/