Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин оташбас қарор буд рӯзи панҷшанбе соати 10 ба вақти маҳаллӣ дар Ғазза иҷрои шавад, ки ба далел ончи масоили фаннӣ ва пуштибонӣ унвон шуда бо як рӯз таъхир аз рӯзи ҷумъа дар Ғазза иҷроӣ шудааст.
Моҷид ибни Муҳаммад Алансорӣ-сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар дар гузориши худ дар мавриди аввалин рӯзи оташбас ва амалиёти табодули асирон байни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои фаластинӣ гуфт: Исроил асри рӯзи ҷумъа 39 асири зан ва кӯдаки фаластиниро аз зиндонҳои худ озод карда ва ҷунбиши Ҳамос низ 13 нафар аз занону ва кӯдакону исроилӣ ва 10 таиландӣ ва як асири филиппиниро озод кард.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар афзуд: Мошинҳои имдодрасоне, ки қарор буд имрӯз вориди навори Ғазза шаванд, муваффақ ба убур аз марзҳо шуданд то кумакҳои маишатӣ ва ҳаётиро ба фаластиниҳои муҳосирашуда дар навори Ғазза бирасонанд.
Вай идома дод : Давлати Қатар иртиботи мустақим бо ду тарафи тавофуқ ва кумитаи Салиби сурхро дар тӯли амалиёт идома медиҳад. Давлати Қатар аз наздик авзоъро зери назар дорад ва амалиёти табодули иттилоот байни ду тараф ва Салиби сурхро дар замони мушаххас барои баррасии таҳаввулот ва иттифоқоте, ки мумкин аст пеш биёяд, осон мекунад.
Тавофуқи чаҳоррӯзаи оташбас байни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин, ки бо миёнҷигарии Қатар анҷом мешавад, шомили озодии 50 асири исроилӣ дар баробари озодии 150 фаластинӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва вуруди садҳо мошини кумакҳои инсонӣ, имдодӣ, пизишкӣ ва сӯхт ба навори Ғазза мешавад.
342/