26 Октябр 2023 - 16:10
Сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Анкара бо мавзӯи газ ва тавсеаи равобит

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Анкара, бо ҳамтои туркияии худ дидор ва созукорҳои тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни ду кишварро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, имрӯз - панҷшанбе дар чорчӯби сафари расмӣ вориди Анкара (пойтахти Туркия) шуд. Дар бадви вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Анкара раиси ҷумҳурии Туркманистон мавриди истиқболи Алпарсалон Байрактар, вазири энержӣ ва манобеи табиӣ ва теъдоде аз мақомоту ҷамъе аз намояндагони ҷомеаи тиҷории Туркия қарор гирифт. Мавзӯи аслии музокироти Бердимуҳаммедов бо Эрдуғон дар чорчӯби ин сафари расмӣ, транзити гази туркманӣ ба Аврупо аз тариқи ин кишвар ва ҳамчунин равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ хоҳад буд. Сафари расмии раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Туркия ва дидори ояндаи вай бо Эрдуғон гоми дигаре дар ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои суннатӣ байни ду кишвар талаққӣ мешавад. Илова бар ин, ду тараф қасд доранд раванди густариши уфуқи манофеи мутақобилро баррасӣ ва муассиртарин ашкол ва созукорҳои иҷрои амалии онҳо бо дар назар гирифтани аҳдофи аввалияи тавсеаи ду кишварро пайдо кунанд.

342/