Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондиҳи муаззами кули қувои Эрони рӯзи сешанбе дар маросими муштараки дониш омухтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ бо ишора ба шикасти ғайриқобилии тармими режими саҳюнистӣ дар ҳамосаи ахири ҷавонони фаластинӣ таъкӣд карданд: Омили эҷоди ин Туфони вайронгар зулму ҷиноят ва дарандаи хуйи мудовими режими ғосиби ҷаъли дар ҳақи миллат Фаластин будааст ва ин режим наметавонад бо дуруғгуӣ, мазлумнамоӣ, чеҳраи ҳаюлои девсирати худро дар ҳамла ба Ғазза ва қатлиоми мардуми он пинҳон кунад ва бо ёвагуӣ, шуҷоати ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳии ҳушмандонаи онҳоро бар уҳдаи ғайрифаластиниҳо бигузорад.
Эшон куштори зану мард ва кудаку куҳансоли фаластинӣ, ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо лагадкубкардани намозгузорон ва андохтан шаҳрак нишинҳои мусаллаҳ ба ҷони мардуми Фаластинро аз ҷумлаи ҷиноёти режими саҳюнистии хонданд ва афзуданд: Оё миллати ғаюр ва чанд ҳазорсолаи Фаластин дар муқобили ин ҳамаи зулму ҷиноят чорае ҷуз барпокарадни Туфон дошт? ҳазрати ояти аллоҳи Хоманаӣ бо ишора ба талоши режими хабис барои мазлумнамоӣ ва кумаки расонаҳои истикбории ҷаҳон барои илқоъи ин мавзу дар афкори умумии ҷаҳонён гуфтанд: Ин мазлумнамоӣ саддарсад хилофи воқеъ дуруғ аст ва ҳечкас наметавонад аз ин ҳаюлои девсират чеҳрае мазлум бисозад. Фармондиҳи кули қувои Эрон ҳамчунин дар оғози суханонаш дар маросими муштараки дониш омухтагмм донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии эмоми Алӣ(а) неруҳои мусаллаҳро дижи пулодини амният, иззату ҳувияти миллӣ баршумурд ва афзуданд: Амнияти миллӣ зерсохти ҳамаи нармафзорҳои муҳимми аст ки дар пешрафти кишвар нақш доранд ба гунае ки агар амният набошад ҳеҷ чиз нест.
342/