Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлат, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёме бо таслияти вуқуи ҳодисаи террористӣ ба раиси ҷумҳур, давлат, артиш ва миллати Сурия навишт: Идомаи ҳамалоту иқдомоти террористӣ дар Сурия тайи моҳҳои ахир ношӣ аз тадовуми ҳимояти иттилоотӣ, амниятӣ ва лаҷистикӣ аз террористҳо бо ҳадафи мамониат аз шаклгирии субот, истиқрору амнияти комил дар ин кишвар аст. Раисӣ афзуд, кумак ба эҷоди фазои танаффусӣ барои тадовуми бақову амалиёти террористҳои ДИИШ-ӣ ва такфирӣ дар Сурия, иқдоме ҳамсӯ ва мукаммили таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи ҳокимияти миллии Сурия аст.
342/