Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Ин пружаи ифтихоромез ҳосили фикру талоши шабонарӯзии донишмандону мутахассисони ҷавони Эрон дар саноъати фазойии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст .
Исо Зореъпур-вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз партоби муваффақиятомези моҳвораи тасвирбардории Нур 3 хабар дод .
Вазири иртибототу фанноварии иттилоот навишт : Бо талоши мутахассисони неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ моҳвораи тасвирбардории Нур 3 бо моҳворабари эронии Қосид бо муваффақият дар мадори 450 километрии замин қарор гирифт.
Зореъпур таъкид кард : Имсол соли пурборе барои саноъати фазойии Эрон хоҳад буд.
342/