20 Сентябр 2023 - 19:09
 Таъкиди Созмони Миллали Муттаҳид бар пардохти ғаромат аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар гузорише таъкид кард қудратҳои ҷаҳонӣ бояд ба далели истеъморгарӣ ва бардадорӣ ғаромат(товон) бидиҳанд.

Эдеяи пардохти ғаромат ё дигар иқдомот барои ҷуброни хисорот аз бобати даврони бардадорӣ собиқаи тӯлонӣ дорад, аммо ахиран дар авҷи тақозоҳои рӯ ба рушди кишварҳои африқоӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб барои чунин ғароматҳое ҷунбиши рӯ ба ташдид дар ин замина дар саросари ҷаҳон ба роҳ афтодааст.

Ба гузориши пойгоҳи Рашатодеа , Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар гузорише, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, тасреҳ кард : " Арзёбии хисороти иқтисодии бархоста аз иштибоҳоти торихӣ ва осебҳо дар натиҷаи истеъморгарӣ ва ба бардагӣ гирифтан ба далели замони зиёде, ки сипарӣ шуда ва душвории шиносоии омилон ва қурбониён метавонад бисёр сахт бошад. "
Гутерриш дар идомаи ин гузориш бар аҳамияти пойбандии кишварҳо бар таъаҳҳудоташон дар бораи расидагӣ ба пайомадҳои идомадори бардадорӣ таъкид кард.
Ин гузориш меафзояд : Ҳануз ҳеҷ кишваре ба шакли ҷомеъ ба хотири иқдомоти гузашта посухгӯ нашуда ва ба мероси муассири иқдомоташ дар ростои овора сохтани хушунатомези 25 то 30 миллион нафар аз мардуми аҳли Африқо расидагӣ накардааст.

342/