Ба
гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон низомиёни саҳюнист душанбешаб як
духтари фаластиниро ба баҳонаи талош барои ҳамла ба низомиён дар вурудии
бобул ҳиттаи Масҷидулақсо боздошт карданд.
Бар асоси ин гузори дар пайи боздошти ин духтари фаластинӣ низомиёни саҳюнист дарҳои вурудии Масҷидулақсоро бастанд ва ба намозгузорони фаластинӣ дар дохили масҷид ҳамла ва 2 духтари дигари фаластиниро боздошт карданд.
Аз суи дигар манобеъи маҳалли аз юриши саҳюнистҳо ба шаҳраки Яъбид воқеъ дар ҷануби ғарби шаҳри Ҷанин хабар доданд.
Бар асоси ин гузориш ҷавонони фаластинӣ бо низомиёни саҳюнист, ки ба шаҳраки Яъбид ҳамла карданд даргир шуданд ва ба муқобила бо онҳо пардохтанд.
342/