29 Август 2023 - 17:23
 Таъкиди Эрон бар афзоиши ҳамкориҳо ва таъмини аҳдофи Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD )

Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон дар давраи ояндаи раёсат бар Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD ) ҳамаи талоши худро барои афзоиши ҳамкориҳо ва таъмини аҳдофи маҷмаъ ба кор хоҳад баст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар дидори  Порнчай Данвиватана-дабири кулли Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD ) дар Теҳрон бар нақши дабирхонаи маҷмаъ дар ҳимоят аз пешбурди ҳамкориҳо таъкид ва омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба тақвияти дабирхонаи мустақар дар Кувайт ва низ маркази ҳамкориҳои фарҳангии маҷмаъи мустақар дар Теҳронро эълом кард .

Дабири кулли Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD ) низ гузорише аз фаъолиятҳои ин маҷмаъ ироа ва вазири умӯри хориҷаи Эронро дар ҷараёни кори омодасозии нишасти вазирони умӯри хориҷаи ин созмон дар ҳошияи нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар Нию-Йорк, ки пас аз он раёсати яксолаи Ҷумҳурии исломии Эрон бар Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD ) оғоз хоҳад шуд, қарор дод.
Дабири кулли Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ибрози умедворӣ кард дар давраи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон иқдомоти муассир аз ҷумла дар ростои иҷрои санади чашмандози 10 солаи маҷмаъ сурат гирад.
Маҷмаъи гуфтугуи Осиё ( ACD ) дар соли 2002 таъсис шуд ва 35 кишвар узви ин созмони фарогири осиёиро ташкил медиҳанд . Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои пайвандҳо, илм,фанноварӣ ва навоварӣ, омӯзишу тавсеаи манобеи инсонӣ, амнияти ғизоӣ, амнияти энержӣ ва амнияти обӣ, фарҳангу гардишгарӣ ва тавсеаи пойдору фарогир дар дстури кори ин маҷмаъ қарор дорад.
Баҳрайн дар ҳоли ҳозир раёсати маҷмаъро бар ӯҳда дорад.
Эдеяи ташкили маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё барои аввалин бори тавассути нахуствазири Тайланд дар сию чаҳорумин нишасти вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои "АСЕАН" дар соли 2001 матраҳ ва мавриди баҳс қарор гирифт.

342/