Ба
гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси
Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи сешанбе дар нишасти хабари ба муносибати
ҳафтаи давлат бо ишора ба иқдомоти душмани зидди Эрон афзуд: Душман ду
роҳбурди мунзави кардани Эрони исломӣ дар ҷаҳон ва маъюс кардани мардуми
дохили Эронро дунбол мекард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Вазъияти сиёсӣ ва тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон нишонгари он аст ки душман дар мунзави кардани Ҷумҳурии Исломи Эрон мувафақ набуда ва дар ҳавзаи ноамнкардан ва маъюс кардани мардум ҳам бо шикасти сангини ру ба ру шуда аст.
Раисӣ бо баёни ин ки дар БарҶом амрикоиҳо ва аврупоиҳо ба таъаҳудоти худ амал накарданд ва фақат Эрон ба таъаҳудоти худ амал кард ва ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ 15 бор эълом кард, ки Эрон инҳирофи дар барномаи ҳастаӣ худ надошта аст таъкид кард: БарҶом мавзуъи комилан сиёсӣ аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Давлати сездаҳуми Эрон дар музокирот ҳеҷ кутоҳи накард ва таъкид дорад, ки бояд таҳримҳо бардошта шавад то миллати Эрон битавонанд аз фоидаҳои он истифода кунанд, аммо кишварҳои ғарби бо эъмоли таҳримҳо ба дунболи мутавақиф кардани рушд ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.
342/