Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (ово), Нидо Муҳаммаднаим, вазири омӯзиши олии ҳукумати Толибони Афғонистон имрӯз (якшанбе) дар ҷамъи гуруҳе аз устодони донишгоҳҳо бо таъйиди талоши ҳукумат барои таъсиси донишгоҳи бузурги исломӣ, гуфт, ба ҳамин манзур токунӯн 350 тан аз устодони кишвар барои таҳсилоти такмилӣ ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд.
Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии кабинаи Толибон ҳам дар ин нишаст гуфт, ки аз таассуботи сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ дар донишгоҳҳо, ҷилавгирӣ шуда ва акнӯн донишгоҳҳо ба маҳали фарогирии илм мубаддил шудааст.
342/