Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз чаҳоршанбе дар ойини бузургдошти шуҳадои мудофеъи ҳарам дар салони иҷлоси сарон гуфт: Шуҳадо нишон доданд равшанфикрони замони худ ҳастанд зеро заруриятҳои ҷомеъаро шинохтанд ва омодаи хатарпазири барои ифои нақш шуданд.
Раисӣ бо ёду номуши шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ афзуд: Имруз хуни шаҳид Сулаймонӣ барои душман хатарноктар аз Қосими Сулаймонӣ аст ва ном, ёд, ва роҳу ормони ин шаҳиди бузургавор дар ҷомеъа инсонсози мекунад.
Расиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт: Паёми шаҳидон паёми ҳақхоҳи, ҳифзи арзишҳои исломӣ, итоъат аз вали, амният, оромиш, пешрафт ва истодаги дар роҳи Худо аст.
342/