Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати тиҷории Афғонистон ба раёсати Нуриддин Азизӣ-вазири саноъату тиҷорати Толибон барои ширкат дар нишасти тиҷории « Афғонистон - Қазоқистон » ва баргузории намойишгоҳе аз колоҳои Афғонистон дар шаҳри Остона вориди ин кишвар шуд.
Ҳайати Афғонистон шомили раиси Бонки марказии Афғонистон, намояндагони бонкҳои бузурги хусӯсӣ, ширкати энержии « DABS », ширкати мухобиротии Афғон телеком, утоқи маҳсӯлоти зироатӣ ва чорвопарварӣ ва утоқи тиҷорату сармоягузории Афғонистон мебошад. Илова бар ин намояндагоне аз ширкатҳои кишоварзӣ, доруӣ, саноъатӣ, ҳамлу нақл ва логистика, муҳандисӣ ва нассоҷӣ дар ин маҷмаъ ҳузур хоҳанд ёфт .
342/