Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён,вазири умури хориҷаи Эрон дар оғози вуруд ба Исломобод, пойтахти Покистон афзуд : Дар дидор бо вазири умури хориҷаи Покистон ва бархе дигар аз мақомоти олирутбаи ин кишвар дар бораи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, марзӣ ва гардишгарии дуҷониба гуфтугу хоҳад шуд. Амирабдуллоҳиён гуфт : Аз ду рӯзи гузашта тими иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод ҳузур дорад ва музокироти муассире миёни ҳайатҳои иқтисодии ду кишвар анҷом шуд. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ – порлумонӣ ва иқтисодӣ ба даъвати Биловал Буҳутто Зардорӣ-вазири умӯри хориҷаи Покистон барои сафари серӯзаи расмӣ чаҳоршанбешаб вориди Исломобод шуд .
4 Август 2023 - 17:27
News ID: 1384785
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар аҳамияти қаробатҳои наздики Эрону Покистон, гуфт : Фасли ҷадиде дар равобити ду кишвари ҳамсоя дар давлати сездаҳуми Эрон поягузорӣ шудааст.