Силвино Момико, шаҳрванди ироқӣ ба ҳамроҳи як шахси дигар муҷаддадан дар иқдоми ҳаттокона як нусха аз Қуръони каримро ин бор дар муқобили порлумони Шветсия ба оташ кашид.
Пештар низ ( панҷшанбеи 20 июл ) барои дуюмин бор зарфи чанд ҳафта Силвино Момико, шаҳрванди ироқӣ-шветсияӣ бо ҳимояти полиси Шветсия иқдом ба иҳонат ба Қуръони карим кард ; Иқдоми ҳаттокона, ки вокуниши кишварҳои мусулмонро ба ҳамроҳ дошт.
Пас аз он низ аъзои як гуруҳи миллигарои исломҳарос ва рости ифротии Дания ба номи " Меҳанпарастони Дания " дар иқдоми нангин як нусха аз Қуръони каримро дар муқобили сафорати Ироқ ва бори дигар дар муқобили сафорати Мисру Туркия дар Копенгаген сӯзонданд .
Ин аъмоли вақеҳона бо вокуниши Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ мувоҷеҳ шуд ва ӯ зимни ибрози ҳамбастагӣ бо ҷомеъаи исломӣ ҳар гуна иқдом дар ростои исломҳаросӣ. ки мунҷар ба афзоиши танишҳо мешавадро маҳкум кард.
Ҳуҷҷатилислом Козими Сиддиқӣ-хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба афроде. ки дар бархе кишварҳои аврупоӣ иқдом ба оташ задани Қуръон мекунанд, гуфт : Ин вуҷӯдҳои зулмонӣ, ки Қуръонсӯзӣ мекунанд ба Қуръон роҳе надоранд ва дар ҳақиқат худсӯзӣ мекунанд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни инки сӯзондани зареҳи Имом Ҳусайн ( а ) нишонаи пастӣ ва иноди ин афрод бо Қуръону аҳли байти Паёмбар ( с ) аст, таъкид кард : Расидан ба ҳақиқати Қуръон, ки рӯҳу раҳмати восеъаи Ҳақ аст ва сабаби ҳамаи асмои Илоҳӣ аст, дар дастраси ҳар фарде қарор намегирад.