Оморҳои зидду нақиз аз шумори шуҳадои тирандозии Толибон бар азодорони ҳусайнӣ (а) дар шаҳри Ғазнии Афғонистон гузориш шудааст. Бахши умдаи гузоришҳо ҳокӣ аст, ки дар тирандозии неруҳои Толибон дастикам чаҳор нафар шаҳид ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон бархе расонаҳо теъдоди шуҳадоро ду кӯдак гузориш додаанд. Дар видеоҳои мунташиршудаи Толибон дар маросими азодории рӯзи Ошӯро ба таври мустақим азодорони ҳусайниро дар Ғазнӣ ҳадаф қарор додаанд. Яке аз тасовир нишон медиҳад, ки кӯдаке дар муқобили чашми мардум ҷон медиҳад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳувияти ин ду шаҳидро Ғуломалӣ, фарзанди Акбар ва Иброҳим, фарзанди Пайкор, кӯдакони 14 ва 9 сола эълом кардаанд. Ин иттифоқ дар ҳоле рӯй додааст, ки Толибон ба баҳонаи таъмини амният маросими азодории солори шаҳидон имом Ҳусайн (а)-ро маҳдуд кард. Бо вуҷуди ин маҳдудият, неруи Толибон дар Ғазнӣ ба сӯи азодорони ҳусайнӣ шиллик карданд. Мақоми вилояти Ғазнӣ дар мавриди вақоеи рӯзи Ошӯро дар иттилоияе эълом кард, ҳайати баррасӣ бо ҳузури намояндагони аҳли ташайюъ ташкил шудааст. Дар ин иттилоия омадааст, мақоми вилояти Ғазнӣ амиқан бо хонаводаҳои доғдор ибрози ҳамдардӣ мекунад ва зимни баррасии абъоди ин ҳодиса, омилонро шиносоӣ ва ба дасти адолат хоҳад супурд. Ориф Раҳмонӣ, коршиноси масоили сиёсӣ ва намояндаи пешини Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон дар ин бора мегӯяд: «Толибон ба сӯи азодорони ҳусайнӣ шиллик кард ва ду кӯдаки бедифоъро ба шаҳодат расонд. Дар ҳоле ки бояд амнияти азодоронро таъмин мекард. Ҳамлаи онон ба азодорони ҳусайнӣ қобили қабул нест».
Мардуми мусулмони Афғонистони ҳамасола даҳаи аввали Муҳаррам бо шӯру ҳаяҷони зиёде азодорӣ мекунанд ва бархе авқот фирқагароёну террористҳо дар миёни азодорон дар ҳусайнияҳову масоҷид бомбагузорӣ ва ё амалиёти мусаллаҳона карданд, аммо собиқа надоштааст, ки неруҳои ҳукуматӣ ҳатто дар давраи ҷумҳурият бар рӯи азодорони ҳусайнӣ оташборӣ кунанд ва ё азодорон ба неруҳои амниятӣ ҳамла кунанд, ки Толибон чунин иддаоеро дорад. Меҳдии Росих, узви пешини порлумони Афғонистон бо ишора ба тирандозии Толибон ба рӯи азодорони ҳусайнӣ дар Ғазнӣ таъкид кард: “Танҳо роҳи ҳалли суботу сулҳ дар Афғонистон, убур аз ҳар гуна ифротигарӣ ва тамомиятхоҳӣ аст”. Дар ҳар ҳол шаҳид кардани азодорони ҳусайнӣ, он ҳам дар синни кӯдакӣ, ки наметавонистанд он гуна, ки Толибон иддао мекунад, омили азодорон барои ҳамла ба неруҳои толиб бошад. Иқдоме ки беш аз пеш ваҷҳаи Толибонро дар назди мардуми Афғонистон махдуш мекунад. Дар пайи ин иттифоқ акнун ин суол барои мардуми Афғонистон матраҳ мешавад, ки чӣ гуна Толибоне, ки нигарони амнияти азодорони ҳусайнӣ буд ва ба ҳамин нигаронӣ маҳдудиятҳоеро барои азодории мардуми Афғонистон эъмол кард, худ ба таври мустақим бар рӯи азодорони ҳусайнӣ оташ кушуд?
342/