Қарордоди ҳамкории байни Федерасиюни футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии “ Turkish Airlines ” дар шаҳри Душанбе имзо шуд . Ба гузориши Ховар, ин қарордод 10 июл аз сӯи дабири кулли Федерасиюни футболи Тоҷикистон ва мудири кулли дафтари намояндагии ширкати ҳавопаймойии " Туркиш айэрлайнс " дар Тоҷикистон ба имзо расид . Дабири кулли Федерасиюни футболи Тоҷикистон гуфт : Бар асоси ин қарордод Федерасиюни футболи Тоҷикистони як шарики қобили эътимод пайдо хоҳад кард. " Туркиш айэрлайнс " яке аз бузургтарин ва машҳуртарин хутути ҳавоии ҷаҳон аст . Дар чорчуби ин барномаи мушорикатӣ Федерасиюни футболи Тоҷикистону ин ширкати ҳавопаймоӣ тасмим гирифтаанд рӯйдодҳои муштараки бозорёбӣ, таблиғот ва равобити умумиро бо ҳам баргузор кунанд.
342/