8 Июл 2023 - 20:49
Ҳалокати 5 террористи ДИИШ-ӣ дар шимоли Ироқ

Дар ростои барномаи давлати Ироқ барои решакун кардани созмони террористии ДИИШ дар ҳамлаи ҳавои неруҳои мубориза бо тероризми Ироқ 5 террористи ДИИШ-ӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хадамоти мубориза бо тероризми Ироқ ( ҷумъа ) дар баёнияе эълом кард, ки дар ҳамлаи ҳавои неруҳои ин кишвар дар вилояти Каркук ( шимоли Ироқ ) 5 унсури террористии ДИИШ кушта шудаанд .

Ин ҳамла ба дастури  Муҳаммадшёъ Алсудонӣ-фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқи анҷом шудааст.
Бар асоси ин гузориш Абдулваҳҳоби Алсоъидӣ-раиси Хадамоти мубориза бо тероризми Ироқ шахсан бар ин амалиёт огоҳӣ доштааст ва ин амалиёти ҳавоӣ ба таври мушаххас дар шаҳристони Ал-Дебс,ки дар бахши Элтон Кобери мебошад, анҷом шудааст.

342/