Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Файсал Ал Миқдод, вазирони умури хориҷаи Эрону Сурия имрӯз (шанбе) дар тамоси телефонӣ зимни ишора ба сафари муваффақиятомези ахири Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Сурия ва натоиҷи мусбати он, бар азму иродаи худ бар иҷроӣ шудани тавофуқоти анҷом шуда дар ин сафар таъкид карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирабдуллоҳиёну Файсал Ал Миқдод ҳамчунин охирин таҳаввулот дар равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Вазири хориҷаи Сурия дар ин тамоси телефонӣ гузорише аз таҳаввулоту гушоишҳои ахир дар равобити Сурия бо кишварҳои арабӣ ва ҳузури мусбати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар нишасти сарони Иттиҳодияи Араб ироа кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин тамоси телефонӣ, зимни табрики муваффақиятҳои ахири Сурия, ин таҳаввулотро мусбат ва созанда хонд.
342/