Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Семён Григорев, изҳордошт, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти амниятии Афғонистон, Тоҷикистон монанди посгоҳе барои амнияти кишварҳои ИДМ ифои нақш мекунад.
Вай бо муҳим хондани истиқрори пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон барои ҳифозат аз марзи ИДМ, гуфт, неруҳои мустақар дар ин пойгоҳ ба ҳифозат аз марзҳои кишварҳои минтақа идома хоҳанд дод.
Пойгоҳи мавсӯм ба 201 Русия дар Тоҷикистон, яке аз бузургтарин марокизи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст. Ин пойгоҳ дар наздикии Афғонистон мавқеъият дорад.
Русия дар ду соли гузашта, таҷҳизоти низомии ҷадидеро дар ин пойгоҳ мустақар карда ва дар охирин мавриди 30 тонк ба он таҳвил дод.
342/