1 Июн 2023 - 15:36
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Эрон ва Туркманистон хешованд ва дорои иштирокоти фарҳангии бисёр ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Эрон ва Туркманистонро хешованд ва дорои иштирокоти фарҳангии бисёр хонданд ва таъкид карданд: Ин иштирокоти фарҳангӣ заминаи муҳими барои густариши беш аз пеши равобит дар бахшҳои мухталиф ба вижа дар бахши энержи ва роҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри чаҳоршанбе дар дидори Қурбонқули Бердимуҳаммадов раиси шурои маслиҳати халқи Туркманистон бо тақдир аз таваҷҷуҳи вижаи раиси шурои маслиҳати халқи Туркманистон ба масоили фарҳангӣ ва динӣ ва эҳтимом барои густариши марказҳои фарҳангӣ ва масҷидҳо хотирнишон карданд: Дар заминаи масоили тиҷорӣ зарфиятҳои бештари барои густариши ҳамкориҳо ба хусус дар бахши роҳ ва ҳавзаҳои марбут ба об, барқ ва газ вуҷуд дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии ҳамкори дар ин бахшҳо аст.

Эшон бо ишора ба дархости раиси шурои маслиҳати халқи Туркманистон барои ҳузури мутахассисон ва коршиносони эронӣ ҷиҳати сохти як бузургроҳ аз наздикии марзи Эрон ва Туркманистон то дарёи Хазар афзуданд: Вазорати роҳи Эрон тавоноӣ сохти ин бузургроҳро дорад зимни он ки бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи муҳими иртиботи заминӣ ва рейли дар иқтисоди ҷаҳонии мо мусамам ба такмили масири транзитии шимол ва ҷанбуд ҳастем, ки метавонад Туркманистон ва кишварҳои атрофи онро ба дарёи Уммон пайваст кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ густариши равобитро ба нафъи ду кишвар донистанд ва бо изҳори хушбини нисбат ба ояндаи равобити Эрон ва Туркманистон таъкид карданд: Ҳамкории беш аз пеши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон заминасози иртиқои ҷойгоҳи ду кишвар дар дунё дар ҳоли таҳавул хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба вуҷуди садҳо донишманд ва шахсияти номовар дар ҳадифосила рудхонаҳои Атрак ва Ҷайҳун дар ду кишвар ва ҳамчунин вуҷуди мақбари Махтумқули Фароғи шоири пуровозаи туркман дар Эрон афзуданд: Ин заминаҳои фарҳангиро набояд дастикам гирфт.

Дар ин дидор ки оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ, раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом низ ҳузур дошт Қурбонқули Бердимуҳаммад раиси шурои маслиҳати халқи Туркманистон бо изҳори хурсанди аз дидори бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт: Ман ҳамвора дар тули солҳои гузашта ва дар даврони раёсати ҷумҳурии худ дар сафарҳое, ки ба Эрон доштам аз дидгоҳо ва тавсеяҳони ҷанобиоли бисёр истифода кардам ва бар асоси он тавсияҳо корҳои муҳими анҷом гирифта аст ва дар ин дидор низ ба дунболи барҳагири аз тавсияҳо барои анҷоми тарҳҳои бузург дар Туркманистон ҳастам.

Раиси шурои маслиҳати халқи Туркманистон бо ишора ба музокироти худ бо масъулони Эрон афзуд: Дар ин музокирот тавофуқҳои хуби барои густариши ҳамкориҳо ба вижа истифода аз тавони мутахасисон ва коршиносони эронӣ дар сохти роҳ ва бахшҳои об, барқ ва газ анҷом гирифт.

342/