Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи изҳори назари бархе масъулони амрикоӣи нисбат ба интихоби сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Женева ба унвони раиси " Маҷмаъи иҷтимоии " 2023-и Шӯрои ҳуқуқи башар бо радди мудохилаи Амрико дар ин мавзӯъ гуфт : Амрикоиҳо ҳатман бо раванду равияи интихоби кишварҳо бар раёсати созукорҳои ҳуқуқи башарӣ ошноии комил дошта ва итилоъ доранд, ки интихоби сафиру намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳимояту иҷмоъи кишварҳо сурат гирифтааст; бинобарин изҳори назари тарафҳои амрикоӣ бемаъност ва бояд ба ин интихоб эҳтиром бигузоранд.
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба собиқаи беш аз сад соли ҳузур, мушорикат ва нақшофаринии Эрон дар кумак ба таҳаққуқи сулҳу тавсеаи ҷаҳонӣ аз тариқи сохторҳои чандҷонибагароёна аз замони Ҷомеъаи милал то кунун гуфт : Номулоиматии ки бархе кишварҳо бар Эрону мардуми он таҳмил кардаанд ҳеч гоҳ монеъи нақшофаринӣ ва коҳиши ҷойгоҳи барҷастаи Эрон дар маҷомеъи байналмиллалӣ нашудааст.
Бар асоси эъломи раиси Шӯрои ҳуқуқи башар, Алии Баҳрайнӣ-сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева ба унвони раиси нӯздаҳумин иҷлоси " Маҷмаъи иҷтимоӣ "и Шӯрои ҳуқуқи башар дар соли 2023 интихоб шуд.
342/