Мария Захарова гуфт, ин гуна тасаввур мешавад, ки дабирхонаи Созмони Милал ҳамеша омода аст то “чашми худро рӯйи ҳар гуна иқдоми Ғарб дар ҳимоят аз ҳукумати Киев бибандад”, бо вуҷуди ин ки ин муҳиммот метавонад аз назари хатари радиатсионӣ авоқиби ҷиддӣ дошта бошанд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия афзуд, ки чунин муҳиммоте тавассути Амрико дар Югославия ва Ироқ истифода шудааст ва истифода аз онҳо метавонад боиси осебҳои ҷиддӣ, аз ҷумла саратон шавад.
Захарова ҳамчунин гуфт, ки порлумони Аврупо борҳо қатъномаҳоеро тасвиб кардааст, ки дар онҳо истифода аз таслеҳоти ҳовии урани заифшуда мамнуъ шудааст, аммо “маҷмуаи Ғарб” талош мекунад ин мавзуро фаромӯш кунад.
342/