2 Май 2023 - 13:11
Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори муаллимон : Донишомӯз бояд ба эронӣ будани худ ифтихор кунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори муаллимон бо баёни инки бояд ҳувияти эронӣ ва исломӣ ва шахсияти миллиро дар кӯдакони кишвар зинда кунем, тасреҳ карданд : Донишомӯз бояд ба эронӣ будани худ ифтихор кунад, ки ифтихор ҳам дорад .

Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати шаҳид Мутаҳҳарӣ ва Рӯзи муаллим, ҷамъе аз муаллимону фарҳангёни саросари Эрон субҳи имрӯз ( сешанбе ) бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор зимни гиромидошти ёди шаҳид оятуллоҳ Мутаҳҳарӣ ; вайро як муаллим ба маънои воқеии калима номиданд ва афзуданд : Ҳамаи он хусӯсиёте, ки мо дар муъаллимини мадорисамон ё мударрисини доншгоҳҳоямон интизор дорем, дар ин мард вуҷуд дошт ; илм, таъаҳҳуд, диққат, пайгирӣ, назму инзибот дар кор дар шаҳид Мутаҳҳарӣ вуҷуд дошт .

Ишон хотирнишон карданд : Шаҳодати ӯ ҳам баракоте барои кишвар дошт . Худи ишон ки хуб ба мақомоти олӣ расиду осори ишон дар асари ин шаҳодат дар дили ҷомеъаи ҷо боз кард ва ман тавсия мекунам навиштаҳои ишону танзимшудаҳои суханрониҳои ишонро ҳатман ба хусӯс муъаллимин инҳоро нигоҳ кунанд, бихонанд .

Раҳбари муаззами инқилоб дар идомаи ин дидор дар қадрдонӣ аз муаллимон тасреҳ карданд : Аввалин матлабе ки дар боби муаллим бояд банда имрӯз арз бикунам, сипос аз ҷомеъаи муаллимон аст ; ин сарбозони гумноми низоми исломӣ ва ислому мусалмонон, ки дар атрофи кишвар дар дуртарин нуқоти кишвар бесарусадо машғули коранд, машғӯли муҷоҳидатанд . Бо сахтиҳо, бо мушкилоти фаровон доранд кор мекунанд . Дарвоқеъ фарзандони миллатро ин ҷомеъаи муъаллимин доранд тарбият мекунанд ва онҳоро барои ояндаи равшан омода мекунанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд : Муаллим дар воқеъ меъмори ояндаи кишвар аст ; имрӯз шумо доред фардои кишварро месозед.

342/