Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунии Амрико ва кишварҳои муттаҳиду ҳампаймонаш зидди Эрон, ҳамкориҳои тиҷории Русия бо Эрон дар ҳоли афзоиш аст.
Лавров ҳамчунин бо баёни ин ки БарҶом ҷойгузине надорад ва Русия хоҳони эҳёи ҳар чӣ зудтари БарҶом аст, гуфт, ҷаҳон дар интизори бозгашти Амрико ба тааҳҳудоташ аст ва таҳримҳои зидди Эрон бояд лағв шавад.
Лавров афзуд, Маскав тавваҷуҳи хосе ба тавсеаи равобити тиҷориву иқтисодӣ бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико дорад, ки дар соли гузашта ин ҳамкориҳо 22 дарсад афзоиш ёфтааст.
Лавров ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз барқарории равобити дипломатии Эрон бо Арабистон дар бораи таҳаввулоти Сурия гуфт, бо вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи Сурия, ҳалли мушкили Фаластин, Қафқоз, Яман ва ҳамчунин режими ҳуқуқии дарёи Хазар табодули назар кардааст.
342/