Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Миллал дар умӯри башардӯстона шомгоҳи душанбе бо Башор Асад-раиси ҷумҳӯри Сурия дидору гуфтугу кард .
Дар ин дидор пайомадҳои зилзила дар Сурия ва ниёзҳои инсонии фаврии миллати ин кишвар барои убӯр аз ин буҳрон баррасӣ шуд .
Грифитс гуфт:Давлати Сурия ба суръат дар раванди наҷоту имдодрасонии сариъ вориди амал шуд .
Вай ҳамчунин таъкид кард ки Созмони милал дар ростои имдодрасонӣ ва рафъи ниёзҳои инсонии мардуми Сурия талош хоҳад кард .
Башор Асад ҳам дар ин дидор гуфт бояд кумакҳои фаврӣ ба ҳамаи манотиқи Сурия ворид шавад ; аз ҷумлаи манотиқе ки таҳти ишғоли гуруҳҳои террористӣ қарор дорад .
Вай ин масаъларо ниёзи мубрам барои миллати Сурия ва бозгашти оворагони сурӣ ба ин кишвар қаламдод кард .
342/