Ин ҳамоиш тавассути ройзани фарҳангии исломии Эрон ва бо ҳамкории муассисаи пажуҳиши ва расонаӣ Ҳадаф дар солрузи чиҳилчаҳорумин солгарди пирузии инқилоби исломӣ ва ба манзури баёни дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши бонувон рузи шанбе дар шаҳри Бағдод пойтахти Ироқ баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бонувони пажуҳишгар ва устодони донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳони ислом аз кишварҳои Эрон, Ироқ, Сурия ва Лубнон мақолаҳои илмӣ ва фарҳангии худро бо меҳварияти ҷойгоҳи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ занони Эрон дар ин ҳамоиш ироа доданд.
Дар ин ҳамоиш ҳувияти инсонии зан дар дастоварҳои инқилоби исломи Эрон дар нишастҳои тахасусии се меҳвар ҳувияти инсонии зан дар андешаи имомайн (ду раҳбари инқилоби исломӣ), нақши занон дар рушди миллӣ ва пешрафтҳои илмӣ ва нақши зан дар ниҳоди хонавода ва тарбияти исломии занон мавриди баҳсугуфтугу қарор гирифт.
342/