Оятуллоҳ Саид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии айёми 44- умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ афзуд, суқӯти ҳукӯмати 57 солаи паҳлавӣ чизе ҷуз иродаи қудрати Худованд набуд; режиме суқӯт кард, ки озодиситезӣ ва динситезӣ дар дастури кораш буд.
Вай афзуд, истикбор дар солҳои пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ба ҷанги миллати Эрон омад, аммо ҳамаи тавтеашон дар 44 соли гузашта хунсо шуд.
Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин ҳузури ҳамосии мардуми Эрон дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро амали солеҳ донисту баргузории роҳпаймоии фардоро намоди басирати миллати Эрон донист.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин вуқуъи зилзилаи маҳиб дар ду кишвари Сурия ва Туркияро ба зилзилазадагону хонаводаҳои ҷон бохтагони зилзила дар ин кишварҳо таслият гуфт.
342/