Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нахустин барнома дар ҷараёни сафар ба шаҳристони Рай, ҷануби Теҳрон бо ҳузур дар шаҳри Фашофуя мадрасаи " Ризо Гулнароқӣ "-и ин шаҳрро ифтитоҳ кард . Ин мадрасаи 22 класса бо мушорикати давлат ва хайирони мадрасасоз дар 3 200 метри зербино бо панҷ озмоишгоҳу коргоҳ ба баҳрабардорӣ расид . Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин аз тариқи иртиботи тасвирӣ бо саросари кишвар ва ба сурати ҳамзамон дастури баҳрабардорӣ аз ҳазору сад мадрасаву тарҳи омӯзишӣ ва парваришӣ бо 5164 класси дарс дар 31 устони кишварро содир кард . Аз ин 1100 тарҳи омӯзишӣ, 582 пружа аз маҳали манобеи давлатӣ ва 518 пружа ҳам аз маҳали манобеи мушорикатӣ сохта шудааст . Дар идома боздидҳои майдонӣ аз шаҳристонҳои устони Теҳрон, раиси Ҷумҳурии Эрон имрӯз панҷшанбе вориди шаҳристони Рай шуд.
342/