Расмус Палудан, шаҳрванди тундраву исломситези шветсияӣ - данияӣ шанбеи 21 январ дар иқдоме тавҳинбарангез, як нусха аз Қуръонро дар муқобили сохтмони сафорати Туркия дар пойтахти Шветсия сӯзонд.
Ин иқдоми ғайриинсонии шаҳрванди аврупоӣ аз сӯи кишварҳои мусулмон ба шиддат маҳкум шуд.
Эрон, Миср, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ал-Азҳари Миср, Маҷмаи ҷаҳонии уламои мусулмон, Қатар, Арабистон, Индонезия, Урдун, Марокаш, Созмони Ҳамкории Исломӣ,Шурои ҳамкории халиҷи Форс, Туркия ва гуруҳи Ансоруллоҳи Яман нисбат ба ин иқдом ва такрори он баёния содир карданд ва дар бораи густариши иқдомоте, ки боис беҳурматӣ ба адён ва ташдиди хушунатҳо шавад, ҳушдор доданд.
Мардуми муъмину худоҷӯи Эрони исломӣ баъд аз иқомаи намози ҷумъа, дар маҳкумияти иҳонат ба ҷойгоҳи муқаддаси Қуръони карим дар кишварҳои аврупоӣ таҷаммуъ ва ин иқдоми тавҳиномезро маҳкум карданд.
Намозгузорон бо ҳамли овезаҳову сар додани шиорҳои “Аллоҳу Акбар”, “Мо ҷонфидои Қуръону Ислом”, “Мо ҷонфидои раҳбару итрат”, “Марг бар Амрикову Исроил”, хашми худро аз тавҳин ба муқаддасот эълом карданд.
Мардуми Эрони исломӣ ҳамчунин дар роҳпаймоии имрӯз иқдоми Порлумони Аврупо дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи он чӣ ки "созмонҳои террористӣ" номидаастро маҳкум карданд.
Порлумони Аврупо дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва мавозеи мудохилаҷӯёнаи ахири худ дар умури Эрон, бо тасвиби тарҳе зиддиэронӣ, қарор гирифтани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар феҳристи мавсум ба "террористӣ" и Иттиҳоди Аврупоро хостор шуд.
Мусавваботи Порлумони Аврупо илзомовар нест ва танҳо дар ҳукми пешниҳод ба Шурои Аврупо аст.