25 Январ 2023 - 19:35
Раиси Садо ва Симо: Фаъолияти шабакаҳои “Пресс ТВ” ва “Алолам” бо моҳвораҳои ғириаврупоӣ идома дорад

Раиси Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, шабакаҳои “Пресс ТВ” ва “Алолам” бо моҳвораҳои ғайриаврупоӣ дар ҳоли фаъолият ҳастанд.

Иттиҳоди Аврупо 14 ноябри 2022 ба баҳонаи тарафдорӣ аз демократия, шабакаи телевизионии англисизабони “Пресс ТВ” ва фаъолиятҳои пахши муртабит бо Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эронро дар канори ашхосу созмонҳои эронӣ таҳрим кард.

Ширкати моҳвораии фаронсавии “Ютелсат” ҳам чанд ҳафта пас аз эъмоли таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Эрон, шабакаи хабарии англисизабони “Пресс ТВ” - ро қатъ кард.

Паймони Ҷибеллӣ, раиси Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба таҳрими шабакаҳои байналмилалии ин созмон дар моҳвораҳои аврупоӣ афзуд: Пас аз таҳрими шабакаҳои байналмилалии Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳвораҳои аврупоӣ, талош шуд то бо моҳвораҳои ғайриаврупоӣ иртибот барқарор шавад.

Ҷибеллӣ гуфт: Бархе аз шабакаҳои аслӣ монанди “Алолам” ва “Пресс ТВ” ва  дигар шабакаҳои Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳвораҳои ғайриаврупоӣ пӯшиш дода мешаванд ва фаъолияти ин шабакаҳо идома дорад.


342/